Фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди муҳокима қарор гирифт

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯро, намояндагони кумитаву сохторҳои гуногуни кишвар ба ҳайси нозир, инчунин намояндаи бахши хусусӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа корҳои анҷомдодашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва таҳлилу тавсияҳои мушовирони байналмилалии Бонки Рушди Осиё ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии гурӯҳи Бонки ҷахонӣ дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди муҳокима қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки Шӯро, мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хочагидор» таъмин менамояд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон