расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод намудааст, ки маҳбусон низ ба қайди ҳарбӣ монда шаванд.

Асосӣ / Ҷомеа

Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод намудааст, ки маҳбусон низ ба қайди ҳарбӣ монда шаванд.

Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод намудааст, ки маҳбусон низ ба қайди ҳарбӣ монда шаванд. Лоиҳаи тағйирот дар муқаррароти бақайдгирӣ дар портали расмии санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст, менависад Радио Свобода.
Мувофиқи он, шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, бояд бо тартиби махсус - бевосита дар зиндон ё муассисаи ислоҳӣ бидуни ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд.
“Қайди махсуси ҳарбӣ аз ҷониби муассисаҳои ислоҳии ниоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ дар маҳалли ҷойгиршавии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ анҷом дода мешавад», - ишора шудааст дар лоиҳа.
Рӯйхати уҳдадоронро худи зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ тартиб дода, дар сурати интиқол ё озод шудани маҳкумшуда онро тағйир медиҳанд ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ месупоранд.
Ҳозир дар муқаррароти қайди ҳарбӣ гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, дар қайди ҳарбӣ қарор надоранд. Вазорати мудофиаи пешниҳод дорад, ки маҳз ҳамин банд бекор карда шавад.
Моҳи июн Думаи давлатӣ ду лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки даъвати зиндониёнро ба хидмати ҳарбӣ танзим ва ҳарбиёни ҷангандаи Русияро, ки ҷиноятҳои сабук ва миёна содир кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.