расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бори аввал. Маркази миллии тестӣ боз як даври қабули донишҷӯёнро оғоз кард

Асосӣ / Сиёсат

Бори аввал. Маркази миллии тестӣ боз як даври қабули донишҷӯёнро оғоз кард

Бори аввал. Маркази миллии тестӣ боз як даври қабули донишҷӯёнро оғоз кард
Маркази миллии тестӣ (ММТ) имрӯз, 4‑уми сентябр, бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври комилан нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз кард. Дар ин бора сомонаи ММТ иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, нуқтаҳои бақайдгирии довталабон дар 9 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт ташкил шудааст.
Муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13-уми сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12-уми сентябр муқаррар гардидааст.
Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
- шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
- довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;
- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ бояд пешниҳод карда шаванд:
1. Шиносномаи миллӣ;
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;
3. Аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он;
4. Рақами расиди пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонии “Амонатбонк”;
4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).
Довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б-ро дар даври сеюм – 17-уми сентябр месупоранд.
Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат – қисми В рӯзи 18-уми сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронда мешавад.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ 25 сомонӣ аст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадлаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст. Яъне дар даври аввали тақсимоти ММТ беш аз 59 ҳазор довталаб ҳаққи донишҷӯ шуданро пайдо кардаанд. Дар ҳоле ки нақшаи қабул, ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, беш аз 110 ҳазор муқаррар шуда буд.
Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.