расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023 ДАР ТОҶИКИСТОН 228 НАФАР ҚАСДИ ҶОНИ ХУД КАРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023 ДАР ТОҶИКИСТОН 228 НАФАР ҚАСДИ ҶОНИ ХУД КАРДААНД

ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023 ДАР ТОҶИКИСТОН 228 НАФАР ҚАСДИ ҶОНИ ХУД КАРДААНД
Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 дар кишвар 228 кас, аз ҷумла 131 зану духтар даст ба худкушӣ задаанд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси ин ниҳод рӯзи 9-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон нисбати соли гузашта 10 маврид бештар аст.
Вай дар идома афзуд, аз миёни афроде ки даст ба худкушӣ задаанд, 109 нафар зан ва 22 каси дигар духтарони ноболиғ мебошанд. Ин омор дар қиёс ба нимсолаи соли гузашта нисбати занон 6 ҳолат бештар буда, нисбати духтарони ноболиғ 2 ҳолат камтар аст.
Ҳилолбӣ Қурбонзода дар робита ба сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон гуфт, ки 53 ҳолат ба бемории равонӣ, 17 маврид ба вазъи душвори молиявӣ ва 42 ҳолат бо сабабҳои дигар бастагӣ дорад.
Дар баробари ин сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар 112 ҳолат муайян нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.