расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФАРВӢ: ДАРГУЗАШТИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ МИЛИСАИ СУҒД АЗ КОРОНАВИРУС

Асосӣ / Ҳаводис

ФАРВӢ: ДАРГУЗАШТИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ МИЛИСАИ СУҒД АЗ КОРОНАВИРУС

Муродзода Мирзошо Иқбол, муовини сардори бахши кофтукови ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд соати сеи шаби 12 сентябр дар синни 50 дар бемористони "1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе аз бемории коронавирус вафот кард. Ба гуфтаи манбаи сомонаи "Ахбор”, Мирзошо Муродзодаро 6 рӯз пеш ба бемористони "1-ум Советский” оварданд, вале ду рӯзи охир шушҳояш дигар ба андозае хароб шуданд, ки баданаш ягон доруро қабул намекард. "Дастгоҳи кислород ҳам кумакаш накард ва соати сеи шаб ҷон ба Ҷонофарин супурд. Ҷанозаашро барои гӯручӯб ба зодгоҳаш – ноҳияи Муъминобод бурданд”, - хабар дод ҳамсуҳбати "Ориён”. 
Мирзошо Муродзода қаблан дар шуъбаи чорум ("пулиси ахлоқ”)-и РВКД шаҳри Душанбе кор мекард ва сипас ба дастгоҳи марказии ВКД Тоҷикистон гузашт. Ахиран Муродзода ба ҳайси муовини сардори бахши кофтукови ҷиноӣ ба РВКД Суғд рафта буд.
Даргузашти ин мансабдори баландпояи милиса дар ҳолест, ки табибон аз расидани мавҷи дуюми коронавирус ба Тоҷикистон бонги изтироб мезананд. Гуфта мешавад, ки як манбаи умдаи паҳншавии ин вирус боз ҳам шаҳри Хуҷанд ва атрофи он шудааст.
Бино ба иттилои манобеи сомонаи "Ахбор”, дар як ҳафтаи охир танҳо дар вилояти Суғд дастикам 13 нафар қурбони коронавирус шудаанд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як ҳафтаи охир дар саросари ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду нафар аз ин вирус ҷон бохтааст.
Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир дар ин кишвар 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор шуда, шумораи умумии гирифторони коронавирус аз 30 апрел то 11 сентябр ба 8977 ҳолат расидааст. Аз ин шумор, бино ба омори расмӣ, 72 нафар фавтида, 7747 (86,3%) аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.
Вазорат мегӯяд, дар як шабонарӯзи охир 107 нафар гумонбарон таҳти назорати табибон қарор дошта, 33 нафар баъд аз табобат аз муассисаҳои тиббӣ ба хона ҷавоб дода шуданд.
Вале мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ бовар надоранд ва бар инанд, ки ин ниҳод арқоми воқеиро дар бораи паҳншавии коронавирус камтар нишон медиҳад.

Fayziddin Zoirov Ахбори Тоҷикистон-Новости Таджикистана-News of Tajikistan

Боз як фарзанди баруманди тоҷик моро тарк кард.
Муродзода Мирзошо Иқбол дар синни 50 солагӣ дунёро падруд гуфт. Руҳат шоду хонаи охиратат обод бошад бародар.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.