расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Поёни баҳс бо узви пешини “Авангард”. Роҳбари як телевизион 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз боздошт раҳо шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Поёни баҳс бо узви пешини “Авангард”. Роҳбари як телевизион 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз боздошт раҳо шуд


Синои Рустамзод (Ниёзов), роҳбари як телевизиони мустақил дар шаҳри Панҷакент, ки ба "авбошӣ" гумонбар буд, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори додгоҳ озод гардидааст.
Худи Синои Рустамзод баъди озод шудан аз боздоштгоҳ дар суҳбати кутоҳ бо “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳ ӯро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, 1 ҳазору 600 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 64 сомонӣ) ҷарима таъйин кард. Ҳукми суд имрӯз, 7-уми декабр, баромадааст.
Номбурда афзуд, ки дар рафти тафтишот ҷониби даъвогар аз даъвояш даст кашид ва ҳамин тариқ, додгоҳ Синои Рустамзодро бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Додситонии шаҳри Панҷакент бар асоси шикояти Беҳзод Муҳаммадӣ, узви пешини гуруҳи "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонони Панҷакент нисбати Синои Рустамзод ба иттиҳоми "авбошӣ" парванда кушодааст.
Гуфта мешуд, ки қазия ба занозании рӯзи 9-уми сентябри имсол вобаста аст. Гӯё дар ин ҳодиса Беҳзод Муҳаммадӣ осеб дида, таҳқир шудааст. Худи Синои Рустамзод гуфта буд, ки гуноҳ надорад.
Беҳзод Муҳаммадӣ 26-сола ва узви пешини гуруҳи "Авангард", як созмони вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ аст. Пайравони ин гуруҳ бештар ба ҷонибдорӣ аз ҳукумату мансабдорон ва ҳамлаҳои лафзӣ ба зидди мухолифон ва мунтаққидон шуҳрат доранд.
Бо ҷарима аз толори додгоҳ озод гардидани мудири як телевизиони мустақил дар ҳолест, ки давоми соли равон ҳадди ақал чаҳор рӯзноманигори тоҷик дастгир ва ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Қазияи онҳо сару садои зиёдеро ба миён овард ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.