Ба аҳолии Тоҷикистон сармоягузор буданро пешниҳод мекунанд Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20161130/233811

Даромади аҳолии Тоҷикистон айни замон асосан барои қонеъ сохтани талаботи аввалиндараҷа равона мегардад. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки замони ба рушди иқтисод саҳмгузор шудани аҳолӣ бо қисмате аз ин воистаҳои худ фаро расидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди миёнамуҳлати кишвар барои солҳои 2016-2020-ро таҳия намудааст, ки айни замон дар баррасии парлумон қарор дорад. Дар ин барнома аз ҷумла доир ба тағйири муносибати ҷомеа ба даромадҳои худ сухан меравад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод зимни симпозиуми илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз даромади аҳолӣ бо мақсадҳои истеъмолӣ истифода мешавад ва зарур аст, ки қисмате аз ин воситаҳо ба сармоягузорӣ ё ҷамъ шудани маблағҳои захиравӣ равона гардад.

«Яъне мо дар марҳилае қарор дорем, ки тақрибан 25%-и ҷомеа ба синфи миёна мансуб буда, сатҳи камбизоатӣ то 31% коҳиш ёфт. Акнун аз сарфи маблағҳои худ танҳо барои истеъмол худдорӣ мебояд варзид. Қисмате аз ин воситаҳоро дар шакли сармоягузорӣ ё маблағҳои захиравӣ ба рушди минбаъдаи иқтисод ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳо равона кардан зарур аст», - чунин мешуморад муовини вазир.

Умед Давлатзод таъкид дошт, ки ин иқдом набояд хусусияти дастурӣ дошта бошад ва давлат бояд аз нигоҳи иқтисодӣ мардумро ба чунин интихоб ҳавасманд созад. «Давлат бояд шароитҳоеро фароҳам оварад, ки хонаводаҳо ба сармоягузорӣ кардани даромадҳои худ ҳавасманд бошанд», - шарҳ дод ӯ.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон