расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Идомаи таъқиби тоҷикон? Равшанбек Собиров – сиёсатмадори тоҷики Қирғизистон аз вазифа озод гардид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Идомаи таъқиби тоҷикон? Равшанбек Собиров – сиёсатмадори тоҷики Қирғизистон аз вазифа озод гардид


Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон аз роҳбарии Агентии миллии сармоягузории ин кишвар канор рафтааст. Ӯро дар ин вазифа Умбриэл Темиралиев иваз намудааст.
Сомонаи расмии президенти Қирғизистон дар шарҳи барканории Собиров навиштааст, ки ӯ бо хоҳиши худ аз мақомаш рафт.
Хабари бо хоҳиши худ аз вазифа рафтани як сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таъқибу фишор болои тоҷикони ин кишвар дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон изҳорот нашр кард.
Ин ниҳод гуфта буд, ки иттилое вуҷуд дорад, ки мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ  аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.
“Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъқиби шаҳрвандонаш ва тоҷикони муқими Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман мешуморад ва аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, то барои роҳ надодан ба чунин таъқиботи тоҷикҳо дар қаламраваш чораҳои оҷил андешад”, - гуфта мешавад дар изҳорот.Равшанбек Собирови 52-сола яке аз камтарин сиёсатмадорони тоҷиктабори Қирғизистон аст, ки дар гузашта раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба ӯҳда дошт ва соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд.
Ӯ соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.
Равшанбек Собиров соли 1970 дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уши Қирғизистон ба дунё омадааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.