Коронафобия. Баъди covid-19 чӣ бояд кард?
Осори ҷисмии коронавирус СОVID-19 тез мегузарад, вале асари равониву рӯҳии он дар хотираи майна дер боз боқӣ мемонад.
Беморон баъди ҷавоб шудан аз беморхона бо ташхиси коронавирус — Covid-19 ё илтиҳоби шуш (пневмония) аз тарс, зиқӣ, фикрҳои бад ва сустӣ шикоят мекунанд. Дар тибб инро «Ҳолати баъди зукоми COVID -19» ташхис мемонанд.Яъне, бо ҷавоб шудан аз беморхона кори табобатӣ ба охир нарасидааст.
1. Табобати аломатӣ (симптоматикӣ); табу дард, илтиҳобу нафастангӣ табобат мешавад.
2. Табобати махсус (спетсиализированӣ)-и узвҳои осебдида аз коронавирус; пневмония, касалиҳои дил, майна, сутунмӯҳра ва торҳои асаб, узвҳои дохилӣ ва дигар оризаҳо аз ин беморӣ.
3. Табобати равоншифоӣ (реабилитатсияи психо-эмотсионалӣ); бартараф кардани тарсу ҳарос, зиқиву рӯҳафтодагӣ, сустиву заифӣ.
4. Тавонбахшии иҷтимоӣ (барқароркунии қобилияти корӣ, муносибатҳои байнишахсӣ ва гармонияи оилавӣ).
Хушхабар, аксар вақт баъди 2 ҳафта зиқӣ ва сустӣ аз байн меравад, вале тарсу ҳарос метавонад дертар бартараф шавад. Дар ҳолати нагузаштани ин аломатҳо мутахассиси соҳаи равон (равоншиноси тибб, равондармон, равонпизишк) метавонад кумак кунад. Мо онхоро бо ташхиси коронофобия (тарси коронавирус), депрессияи соматикй (рӯҳафтодагӣ аз ҳисоби бадани касалшуда) ва астенический синдром (заифшавии сиришт аз хисоби коронавирус) табобат мекунем.
Ба ғайр аз ин моддаҳои заҳролудкунандаи вирус ва қисмҳои вайроншудаи ҳуҷайраҳо, заррачаҳои хун ва ҳосили мубодилаи моддаҳо дар сиришт метавонанд таъсири захрӣ ба майна (нейроинтоксикация) расонанд ва ҳолати ангеза ё боздории кори нейронҳои майнаро номуътадил созанд.
Чаро рӯҳафтодагӣ ва зиқӣ (депрессияи соматикй) пайдо мешавад?
Вақте ки тамоми қувваи сиришт ба мубориза бо беморӣ сафарбар мешавад, барномаҳо (файлҳо)-и муқаддасот, арзиш, орзу, мақсад, нақша ва дигар тасмимҳои иҷтимоии одам дар майнаи сар маҳкам ( ғайрифаъол) мешаванд, то қувва ва неруи асабро сарф накунанд. Ҳамин ки неруи пешина пайдо шуд, он «папкафайлҳо» боз пайдарҳам фаъол шудан мегиранд. Ба ғайри ин заҳри (нейроинтоксикатсионй) дар вақти бемории коронавирус пайдошуда дар сиришт, метавонад ҳосилшавии гормонҳои гипоталамус ва қисми он гипофизро зиён расонанд ва хамин тавр, набудани ин гормонҳо рӯҳафтодагй ва зиқиро пайдо мекунанд.
Масуният (иммунитет) мубориза бурда, баъди қувваи зиёдро аз даст медиҳад; агар он паст бошад, вирус шушҳоро илтиҳобӣ мекунад ва агар монда шуда бошад, дигар микробҳо (пневмоккок ва ғайра, ҳатто вирусҳои дигар) ҳам метавонанд пневмония ё дигар бемориҳои узвҳои одамро бемор кунанд.
Маҳмуд Кабир,
номзади илмҳои тиб