расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тими сиёсии Толибон вориди Покистон шуд

Асосӣ / Ҷаҳон

Тими сиёсии Толибон вориди Покистон шуд


Исломобод, октябри соли 2019. Мулло Абдулғанӣ Бародар, раҳбари умури сиёсии Покистон

Як тими сиёсии Толибон рӯзи 24 август дар амри омодагӣ ба шурӯи музокирот бо ҳукумати Афғонистон вориди Покистон шуд. Музокироти деринтизори миёни ҳукумат ва гурӯҳи ҷангӣ, ки бахше аз созиши сулҳи моҳи феврали миёни Толибон ва Вашингтон мебошад, чандин бор ба таъхир уфтодааст. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон дар як изҳороташ тавассути Твиттер гуфт, ки ҳайати Толибон ба раҳбарии масъули умури сиёсии ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар бо мақомоти Покистон “таҳаввулоти ахири ҷараёни сулҳи Афғонистон”-ро баррасӣ мекунад. Шоҳин афзуд, ки дар ин гуфтугӯҳо мавзӯи “рафтуомади мардум ва тиҷорати байни ду кишвари ҳамсоя ҳам баррасӣ мешавад”. Раҳбарии ҳайати музокиротии Толибонро Шермуҳаммад Аббос Станикзай ба ӯҳда дорад. Покистон чанде пеш аз паи иҷрои чанд таҳрими СММ дар робита бо гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла Толибон шуд. Таҳримҳо сафарҳоро маҳдуду дороиҳоро масдуд ва фурӯши силоҳро манъ мекунад. СММ сафари чанд шахсияти марбут ба Толибонро танҳо бо ҳадафи ширкат дар музокироти сулҳ иҷоза додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.