Парвозҳои ҳавопаймои нави Boeing 767-300

Ширкати миллии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» оид ба оғози парвозҳои ҳавопаймои нави замонавии Boeing 767 – 300 хабар медиҳад.

 Тавре дар ин бора аз ширкати мазкур ба Faraj.tj иттилоъ дода афзуданд, парвозҳо мунтазам дар ҳавопаймои бароҳати Boeing 767-300 дар хатсайрҳои «Тоҷик Эйр» ҳамарӯза сурат мегиранд.

Хотиррасон менамоем, ки чиптаҳои парвоз дар ҳавопаймоҳои мазкур барои кӯдакони то синни 5 -сола ройгон ва аз 5 то 12 -сола бо тахфифи 50% пешниҳод карда мешаванд, ки ин имтиёз барои сарфаи буҷаи оилавӣ хеле муфид аст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон