расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ду кушта ва шаш захмӣ дар даргирии марзии Ӯзбекистону Афғонистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

Ду кушта ва шаш захмӣ дар даргирии марзии Ӯзбекистону Афғонистон

Намояндагони ваколатдори Хадамоти вижаи Афғонистон ва Ӯзбекистон пас аз даргирӣ дар марз, дар ҷазираи Арал Паёмбар, дар вилояти Сурхандарё гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор эътироф шуд, ҳар ду тараф дар ин ҳодиса ба иштибоҳҳое роҳ додаанд, ки боиси сар задани даргирӣ шудааст. Айни замон тафтишоти ҳамаҷонибаи ин ҳодиса идома дорад.

“Ӯзбекистон ба наздикони ду ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуда, ба шаш захмбардошта тамоми кумаки тиббии заруриро мерасонад ва тартиботи омодасозии боздоштшудаҳоро барои бозгашт ба Ватан анҷом медиҳад”, - таъкид кардааст ВУХ Ӯзбекистон.

Кайд карда мешавад, ҳар ду тараф бори дигар изҳор намуданд, ки барои сулҳу оромӣ ва дар асоси ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ва эҳтироми якдигар барои ҳал намудани тамоми масоили мавчуда талош хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 август дар ҳудуди ҷазираи Арал Паёмбари вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур ворид шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ба гурӯҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд.

“Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад”, — иттилоъ дода буданд мақомоти марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон.

Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гурӯҳи марзшик ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.

Қаблан сухангӯи пулиси толибон дар вилояти Балх мавлавӣ Идрис низ ба Sputnik рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ намуда буд, аммо тафсилоти зиёд ироа накард. Ӯ изҳор дошт, ки намояндагони мақомоти маҳаллии толибҳо ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.