расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Муҳаммадҷон аз Хитой арӯс оварду...

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Муҳаммадҷон аз Хитой арӯс оварду...

Шавҳари хитоӣ кардани духтарони тоҷик чанд сол пеш ба қавле “мӯд” шуда буд, вале дар байни мардони тоҷик ин падида қариб, ки назар намерасид. Ниҳоят ҷавонон низ “мо аз духтарҳо чи кам” гӯён, ба овардани арӯсҳои чинӣ сар карданд.

Овозаи зани хитоӣ гирифтани як ҷавони тоҷик имрӯз вирди забони хурду калон гаштааст. Муҳаммадҷон Қарабоев, сокини ноҳияи Шаҳритӯс буда, ҳангоми таҳсил дар кишвари Чин ба як духтари зебои чинӣ бо номи Китика дил баста, ӯро бо худ ба Шаҳритӯс овардааст.

Китика дар Тоҷикистон дини Исломро қабул карда, номашро ба Хадиҷа иваз кардааст.

Қиссаи издивоҷи ҷавони шаҳритӯсӣ бо духтари хитоиро газетаи “Хатлон” нашр кардааст. Муҳаммадҷон дар боби чи тавр бо духтари чинӣ хонадор шуданаш нақл карда, гуфтааст, баъди он ки ба Тоҷикистон омаданд, арӯси хитоӣ дини исломро қабул карда, мусалмон шуд.

Муҳаммадҷон мегӯяд, сароғоз мехост, ки номи арӯсашро ба Оиша иваз намоянд, зеро ҳамсари хурдӣ ва дӯстдоштаи паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) Оиша ном дошт, вале падараш боа ин далел, ки паёмбарамон танҳо аз ҳамсари авввалаш Хадиҷа фарзанд дошт, келини хитоияшро Хадиҷа ном гузоштааст.

Муҳаммадҷон Қарабоев соли 2019 мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Шаҳритусро хатм карда, як муддат дар Душанбе забони хитоиро омӯхтааст ва баъдан барои таҳсил ба Ҷумҳурии Чин рафтааст. Муҳаммадҷон мегӯяд, он қадар ошиқи зори ин духтар шуда буд, ки баъди бозгашташ аз Хитой ҳам мукотибаро бо ӯ идома дод ва ниҳоят ба ӯ пешниҳоди издивоҷ кард.

“Ман то андозае ошиқи шайдои ин духтар гашта будам, ки дигар ба миллату дину фарҳангаш ҳам диққат намедодам. Боварӣ доштам, ки бо оиладоршавӣ ӯро ба сӯйи худ мекашам ва аз ҷумлаи мо мешавад, барои ҳамин ӯро ба издивоҷ даъват кардам. Аввал, дар ҳайрат монд, вале пасон гуфт, ки бо падару модараш суҳбат мекунад.

Ман низ бо волидонам маслиҳат карда, дар бораи Китика (номи аслии духтари чинӣ) маълумот додам. Онҳо сароғоз дар ҳайрат буданд,ки чи тавр ин кор мумкин аст, аммо волидонамро билохира розӣ карда тавонистам, ки духтари чиниро келин кунанд-қисса кардааст Муҳаммадҷон Қарабоев. 


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.