расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тағйирот дар қонун: Киҳо дар Тоҷикистон наметавонанд расман ходими дин шаванд

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Дин / Ҳаводис

Тағйирот дар қонун: Киҳо дар Тоҷикистон наметавонанд расман ходими дин шаванд

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумон тағйирот ба қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро тавзеҳ дод.

Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Ҷавҳарӣ овардааст, ки бар асоси тағйирот афроди алоҳида наметавонанд, ходими дин шаванд.

Дар ин феҳраст, аз ҷумла афроде қарор гирифтаанд, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир кардаанд.

Афроди дастандаркори ҷиноёти дорои хусусияти террористӣ ва экстремис­тидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд, афзудаст вакил.

Тағйироти мазкур ташаббуси аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Раҷаббой Аҳмадзода, Дилшод Раҳмон ва Фарҳод Раҳимӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гузоришҳо нашр кардаанд, ки афроди ба ном мулло дар навоҳӣ бо истифода боварӣ ба бархе аз бонувон дастдарозӣ кардаанд. Инчунин гузоришҳо аз даст доштани ба ном ходимони дин дар ҷиноёти хусусияти экстремистӣ низ нашр мешуданд.

Бар асоси иттилои расмӣ, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 4 ҳазору 58 иттиҳодияи динӣ дар феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Margaritacaf | Гости

    Πpивет всем, ребятaǃ Я знaю, мое coобщениe мoжeт быть слишкoм кoнкретным, Нo мoя сеcтpа нaшла хopoшего мyжчинy, и они пoжeнились, a кaк насчет меня?ǃ :) Мне 25 лeт, Mаргаpита, из Pyмынии, также знаю aнглийcкий и немецкий языки И... y меня cпецифичеcкоe заболеваниe, именуемоe нимфоманиeй. Ктo знaет, чтo это тaкoe, мeня поймyт (лучшe сказaть сразу) Αх да, я очeнь вкуcнo гoтoвлюǃ а я люблю нe тoлькo гoтoвить ;)) Я нacтoящая дeвyшкa, нe пpoститутка, ищy сeрьезныx и горячих oтношений... Β любом слyчaе, вы мoжeтe нaйти мой пpoфиль здecь: http://provisadhaly.ml/user-83085/

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.