расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ғарқшавии се нафар тайи як шабонарӯз дар кулу дарёҳои Тоҷикистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ғарқшавии се нафар тайи як шабонарӯз дар кулу дарёҳои Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ҳолатҳои навбатии ғарқшавӣ дар кулу дарёҳои кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, танҳо дар шабонарӯзи ахир наҷотдиҳандагон ҷасади се танро аз об берун овардаанд.

Ҳамин тариқ 14 июни соли 2022, тахминан соати 17:00 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш сокини 19-солаи шаҳраки Бохтарёни ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ғарқ мешавад.

Гуфта мешавад, марҳум дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ҳалок шудааст.

КҲФ мегӯд, бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, то кунун ҷустуҷӯи нафари ғарқшуда идома дорад.

"Ҷустуҷӯҳои то соати 20:30 анҷом додашуда натиҷа надоданд, субҳи 15 июни соли 2022 корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ аз сар гирифта шуданд. Кофтуков идома дорад", - афзуд манбаъ.

Ҳамзамон нерӯҳои марзбонии кишвар асри 14 июн дар соҳили дарёи Панҷ, дар наздикии деҳаи Пастхуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ҷасади духтараки тахминан 15-20-соларо пайдо кардаанд.

"Санҷиш нишон дод, ки вай сокини 20-солаи шаҳри Хоруғи ВМКБ буда, рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ аз хонааш баромада, ғайб задааст", - афзуд манбаъ.

Ҷасади писарбачае бошад, субҳи 15 июн аз соҳили обанбори сунъӣ, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ёфт шудааст.

Манбаъ мегӯяд, марҳум сокини шаҳри Бӯстон буда, бар асари беназоратии волидонаш рӯзи 14 июни соли 2022 дар обанбор ғарқ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳамакнун бо ин се фавтида сар аз аввали мавсим дар кӯлу дарёҳои кишвар 59 ҳолати ғарқшавӣ сабт шудааст.

Бино ба таҳлилҳо, 5 нафар аз ғарқшудагон тифлони то 5-сола, 10 тани дигар то 10-сола ва 16 нафар аз 10 то 16-сола будаанд. Шумори аз 19 то 35-солаҳо 21 нафар ва аз 35-сола боло 7 нафар гуфта мешавад.



Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.