расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Амонатбонк” ба сокинони шаҳри Турсунзода қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Ба киҳо ва бо кадом мақсад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

“Амонатбонк” ба сокинони шаҳри Турсунзода қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Ба киҳо ва бо кадом мақсад?


Қарзҳои имтиёзнок натанҳо ба истеҳсолкунандагон, балки барои эҳтиёҷоти шахсӣ, масалан васеъ кардани манзил низ пешниҳод карда мешаванд, шарҳ доданд мутахассисони “Амонатбонк”.
Агар шумо дар шаҳри Турсунзода корхонаи истеҳсолӣ дошта бошеду бароятон харидани таҷҳизоту дастгоҳ, техника ва дигар лавозимот зарур аст, “Амонатбонк” ба шумо бо 22%-и солона бо сомонӣ ва 10%-и солона бо доллар ба муҳлати 3 сол қарзҳои имтиёзнок медиҳад.
Ба шахсоне, ки бори аввал аз “Амонатбюонк” қарз гирифтан мехоҳанд, чунин шартҳо пешниҳод мегардад.Барои мизоҷоне, ки қаблан аз бонк қарз гирифтаву саривақт онро пардохтаанд ва таърихи хуби қарзӣ доранд, бонк бо 21%-и солона бо сомонӣ ва 9%-и солона бо доллар қарзи имтиёзнок дода метавонад.
Аз ин қарзҳо соҳибкороне, ки ба корҳои рушди бахшҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ, саноату сохтмон ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, низ истифода бурда метавонанд.
Қарзҳои имтиёзнокро инчунин метавон барои харидани хона, беҳбуди шароити зист ва дигар талаботу эҳтиёҷот дастрас намуд.

То кунун чӣ қадар чунин қарзҳои имтиёзнок дода шудааст?

Охири моҳи апрел АМИТ “Ховар” дар ин робита хабар дода буд, ки то 25 апрел ба 210 нафар соҳибкорону хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 8 млн 10 ҳазору 800 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Дар маҷмӯъ ба сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 1 млн 761 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва 6 млн 249 ҳазору 800 сомонӣ   барои рушди соҳибкории хурду миёна қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.
Музаффар Мирализода, сардори филиали №15-и “Амонатбонк” дар шаҳри Турсунзода зикр карда буд, ки ин қарзҳо бо мақсади дастгирии тиҷорат ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар шаҳри Турсунзода дода мешаванд.
Чунин имтиёзҳо ҳоло танҳо дар шаҳри Турсунзода амал карда, дар оянда “Амонатбонк” ният дорад, ки онро дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба роҳ монад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.