расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Чаро аз баланд шудани маош мардум шод намешаванд?

. / Ҷомеа

Чаро аз баланд шудани маош мардум шод намешаванд?


Чаро аз баланд шудани маош мардум шод намешаванд?

Аз моҳи сентябр маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон понздаҳ дарсад боло меравад ва ба маоши вазифавии хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонӣ даҳ фоиз зам карда мешавад.

Табиист, ки бо боло рафтани маош дар дилхоҳ мамлакати дунё аҳолӣ хурсанд мешаванд, вале мутаассифона дар ҷумҳурии мо ин гуна нест.
 Ва ин чанд сабаб дорад:

Якум, ҳар нафаре, ки 1000 сомонӣ маош мегирад, акнун 1150 сомонӣ мешавад ва 150 сомонии изофашударо дар баробари дигар тағёиротҳои охир чандон дигаргунии калон намебинанд;

Дуюм, баробари 15% зиёд шудани маош, ҳатман дар бозорҳо ва дигар хизматрасониҳо низ нархҳо ва тарифҳо боло мераванд;
Саюм, маоши ҳама боло намеравад, ҳой мардум! Бас кунед, табриккуниро! Яъне танҳо маоши кормандони буҷавӣ боло меравад, аммо нархҳо барои ҳама гарон мешаванд, ки ин мушт рӯйи нафаронест, ки дар корхонаҳои хусусӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамин ҷо ист мекунем. Бо расонаӣ шудани хабари боло рафтани маошҳо, ҳатман дар бозорҳо ҳам тағйирот мешавад. Фарз кардем нархҳо боло рафтанд, ҳар нафаре, ки корманди буҷавӣ аст маошаш боло меравад ва зарар ҳам бинад камтар аст, назар ба нафаре, ки дар корхонаи хусусӣ кор мекунад. Яъне барои чунин гуруҳи одамон бар ивази боло рафтани нахрҳо ва хизматрасониҳо маош дар ҷояш меистад ва Худо аз вазъияти баду ногувор нигоҳ дорад, вагарна боз қисме аз чунинҳо ба “истироҳат”-и бемузд ҷалб мешаванд.

Мо дар ин вазъият наметавонем чизе бигӯем. Наметавонем бигӯем, ки баланд шудани маош хуб аст, зеро боз дар пасманзар садҳо ҳазор нафарро мебинем, ки дар корхонаҳои хусусӣ кор мекунанд. Ва боз наметавонем бигӯем, ки бояд маошҳо боло намерафтанд, зеро садҳо ҳазори дигар ин тағйиротро моҳҳо инҷониб интизор буданд. Лекин гуфта метавонем, ки барои кормандони ташкилоту муассисаҳои хусусӣ танҳо як дигаргуни мешавад: бо эҳтимоли зиёд  нархҳо ва хизматрасониҳо боло мераванд.

Ва ин ҳама дар ҳолест ки ҳоло маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ($41), маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ – 1447 сомонӣ ($140) аст. Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 303 сомонӣ ($31)-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, арзиши расмии сабади истеъмолӣ ё ҳадди ақали зиндагӣ норавшан буда, мақомоти дахлдор ба ин масъала ҳамчун мавзӯи гӯшхарош ва дилбазан таваҷҷуҳ намекунанд. Мардум бошанд танҳо дар Google Yandex сабаби истеъмолиро дидаву шунидаанд.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.