«Фейсбук» навиштаи муштариёнро баъд аз санҷиш дар худ ҷо медиҳад

Роҳбарияти сомонаи «Фейсбук» изҳор медорад, ки аз ин пас

маълумоти асоси воқеӣ надошта ва ё ҳар гуна овозаҳоро интишор нахоҳанд кард. Бо мақсади беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ роҳбарияти сомонаи Фейсбук аз муштариёни худ даъват намуд, ки ҳама гуна арзу шикоят ва дархосту пешниҳоди худро ҷиҳати беҳтар кардани сомона ирсол намоянд. Маълумоти дар сомонаи Фейсбук интишоршударо ҳамчунин агентии иттилоотии «Асошейтед Пресс», шабакаи телевизионии «Эй Би Сӣ Нюс» ва сомонаи интернетии «Сноупс» барои дақиқ буданаш мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Сомонаи Фейсбук ҳамчунин нисбат ба муштариёне, ки маълумоти носаҳеҳро дар дигар сомонаҳо интишор мекунанд, чораҳои навро рӯйи даст мегирад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон