Венесуэла дар иваз кардани асъори миллиаш бо мушкил рӯ ба рӯст

Дар Венесуэла вобаста ба ҷой доштани мушкилӣ дар иваз кардани асъори миллии

100 боливар бетартибӣ ба амал омад. Ҳафтае қабл ҳукуматдорони ин кишвар ин асъорро аз муомилот берун карданд. Дар Венесуэла 100 боливар пули калонтарин маҳсуб меёфт. Вобаста ба баланд будани сатҳи таваррум акнун пулҳои нави 500, 1000, 2000, 3000, 5000, 10 ҳазор ва 25 ҳазор боливар ба муомилот бароварда мешавад. Мағозаҳо дарҳол аз гирифтани пулҳои фарсуда худдорӣ намуданд. Пулҳои кӯҳнаро иваз кардан бо нав танҳо дар шуъбаҳои бонкҳои давлатӣ имконпазир мебошад. Дар назди шуъбаҳои бонкҳо сокинони зиёд соатҳои тӯлонӣ навбат мепоянд. Муҳлати охирини иваз кардани пул 20-уми декабр муқаррар шудааст. Аксарият аз он ҳарос доранд, ки то кунун пулҳояшонро иваз карда натавониста, дороиҳои худро бошад, аз даст медиҳанд. Президенти Венесуэла Николас Мадуро изҳор доштааст, ки барои мубориза бо гурӯҳҳои қочоқбар чунин иқдомро рӯйи даст гирифтаанд. Вобаста ба ин раванд сарҳад бо Колумбия баста шудааст. Ин ҳолат ба хотири берун накардани асъори нав тариқи қочоқ ба Колумбия арзёбӣ мегардад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон