расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ҲИИТ номзади худро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

. / Сиёсат

ҲИИТ номзади худро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

Раиси ҳизб бори аввал номзад ба мансаби президент пешбарӣ шуд.

Вакилони анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, раиси ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов)-ро номзад ба мансаби президенти ҷумҳурӣ пешбарӣ намуданд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад.
Дар интихоботи 1 марти соли 2020 панҷ нафар намояндагони ҲИИТ ба курсиҳои вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.
Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш - Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) ва ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон то ҳол рӯзи баргузории анҷумани худро эълон накардааст. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 21 август изҳор дошт, ки ташкилотҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар мухолифи иштироки сотсиал-демократҳо дар интихоботи президентӣ мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.