расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи бозии дӯстона бо ҳам рақобат намуданд

. / Варзиш

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи бозии дӯстона бо ҳам рақобат намуданд



Шоми  дирӯз дар нахустин бозии расмии худ дастаи футболи мунтахаби  Тоҷикистон дар доираи бозии дӯстона дар сафар аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб шуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  дар сатҳи баланд сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 32-юми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари мизбон Шаҳзод Убайдуллоев кушода шуда, қисми аввал бо натиҷаи 1:0 ба поён расид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар оғози қисми дуюми рақобат Зоир Ҷӯрабоев баъди ба майдон баромадан ҳисобро баробар кард, аммо дар дақиқаи 62-юми дидор довари ӯзбек — Аҳрол Ризқуллоев ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон   зарбаи пеналтии баҳснок таъйин кард ва онро Мурод Холмуҳаммадов иҷро намуд. Ҳамин тариқ,  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар бозии нуҳуми хеш ба муқобили дастаи мунтахаби  Ӯзбекистон ба бохт рӯ ба рӯ гардид.

Бозии дӯстона
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Шаҳзод Убайдуллоев, 33 (1:0). Зоир Ҷурабоев, 48 (1:1). Мурод Холмуҳаммадов, 67 – аз пеналти (2:1).

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон муқобили  дастаи мунтахаби  Ӯзбекистон  чунин буд
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)
Сармураббӣ –Усмон Тошев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.