расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қирғизҳо мошини як сокини Чоркуҳро, ки ба Ворух хӯрок мебурд, сангборон карданд

Асосӣ / Ҳаводис

Қирғизҳо мошини як сокини Чоркуҳро, ки ба Ворух хӯрок мебурд, сангборон карданд


Дирӯз, 20 январ шаҳрвандони Қирғизистон автомошини боркаши тамғаи «Камаз» — и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро, ки ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокӣ мебурд сангборон кардаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон рух дода, дар натиҷа ронанда сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара осеб дида, тирезаҳо ва чароғҳо-и автомобил шикастаст.

— Ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд, — гуфтааст дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара.


Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ қарор аст, имрӯз 21 январ масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара вуқӯъи ин ҳодисаро якҷо бо масъулони ноҳияи Ботканд ба баррасӣ гузоранд.

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.