расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Шобуддин Бадалов дар куҷост? Масъулони ВКД гуфтанд, ӯро истирдод накардаанд

. / Ҳаводис

Шобуддин Бадалов дар куҷост? Масъулони ВКД гуфтанд, ӯро истирдод накардаанд


Шобуддин Бадалов

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр истирдоди Шобудин Бадалов, узви созмони дар кишвар мамнӯи “Гурӯҳи 24”-ро аз Русия ба Душанбе рад карданд. Як рӯз пеш намояндагони созмон хабар доданд, ки Шобудин Бадаловро субҳи 1-уми сентябр шахсони ношинос аз хонааш дар Нижний Новгород бурдаанд.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари созмон, иддао кард, ки ба иттилои дарёфтии онҳо Бадаловро маъмурони ВКД-и Тоҷикистон боздошт ва шоми 1-уми сентябр ба Душанбе бурдаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо чунин ному насаб касеро ба Тоҷикистон наовардаанд.

"Дар боздоштгоҳҳои вазорат касе бо чунин ном нигаҳдорӣ намешавад. Агар шахсони таҳти ҷустуҷӯ боздошт ва ба Тоҷикистон супорида шаванд, ҳатман дар сомонаамон хабар медиҳем”, -- гуфт ӯ.

Ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон дар бораи қазияи Шобудин Бадалов изҳори назар накардаанд.
Бори дувум аст, ки Шобуддин Бадалов, намояндаи "Гуруҳи 24" дар Русия боздошт мешавад. Пеш аз ин моҳи июни имсол дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав Шобуддин Бадалов ва Раҳматҷони Муҳаммад пикети эътирозӣ доир карданд. Мақомоти интизомии Русия ин ду узви созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24"-ро дастгир ва онҳоро ба 15 рӯз ҳабс маҳкум карда буданд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд.

Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Ҳоло Сӯҳроби Зафар раҳбарии ин созмонро ба дӯш дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.