расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти мансабдори Кумитаи замин ва зертобеаш барои фасоди молӣ

Асосӣ / Ҷомеа

Боздошти мансабдори Кумитаи замин ва зертобеаш барои фасоди молӣ

Як мақомдори ноҳияи Ҷайҳун ва зертобея бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудаанд

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳунро бо як кормандаш боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси Кумита С. Т.С бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба қаллобӣ задааст.

Оҷонсӣ гуфтааст, раиси Кумитаи бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеъаш С.Ҷ.М. ба корафтода шаҳрванд «А» зарари моддӣ расонидаанд.

Боздоштшудаҳо шаҳрванд «А"- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.

«Сипас, С. Т.С. ва С.Ҷ.М. аз маблағи талабкарда 6100 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд ягон амали муаянеро иҷро накарданд», — афзудааст манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» — и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда, ба боздоштшуда, ҷарима ба андозаи аз 54 то 67 ҳазор сомонӣ ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.