расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даҳшат: Таҷовуз ва қатли духтарчаи 11-сола аз сӯи як мард дар Рӯдакӣ: муттаҳам боздошт шуд

. / Ҷомеа

Даҳшат: Таҷовуз ва қатли духтарчаи 11-сола аз сӯи як мард дар Рӯдакӣ: муттаҳам боздошт шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 37 -солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар таҷовуз ва қатли духтарчаи 11- сола муттаҳам мешавад
Бино ба иттиллои дафтари матбуотии ин ниҳод, муттаҳам сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Ба иттиллои манбаъ, номбурда, санаи 25-уми августи соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, духтарбачаи 11-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ӯро ба истгоҳи гардиши роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулистон бурда, барои қонеъ кардани нафси шаҳвониаш дар зери истгоҳ бо истифодаи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст.
Гуфта мешавад, муттаҳам баъдан барои пинҳон кардани ҷинояти содир кардааш номбурдаро ба қатл расонидааст.
ВУД мегӯяд,  нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20200903/1031838306/Tajovuz-va-qatli--dukhtarchai-11-sola-az-sui-mardi-37-sola-dar-Rudaki-muttaham-bozdosht-shud.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.