расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ФАВРӢ: БАРКАНОРИИ БОЗ ДУ ПОДПОЛКОВНИКИ МИЛИСА БАРОИ ПӮШОНДАНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Сиёсат / Ҷомеа

ФАВРӢ: БАРКАНОРИИ БОЗ ДУ ПОДПОЛКОВНИКИ МИЛИСА БАРОИ ПӮШОНДАНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Подполковник Истамзода Машраф, муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино яке аз онҳое буд, ки масъулияти назорат бар ҷараёни тафтиши парвандаи Мадинаро бар уҳда дошт, вале бар асоси натиҷаҳои арзёбӣ, “Истамзода дар иҷрои вазифа ба саҳлангорӣ ва хунукназарӣ роҳ додааст.”
Подполковники дуюми барканоршуда Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Синост, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст. Гуфта мешавад, аксари санадҳо бо тақозои рад кардани шурӯи парванда ва бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани гумонбари асосӣ Азиза Давлатова, ҳамсари қонунии Парвиз (Лутфулло) Давлатов,  як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва дӯстписари Мадинаро подполковник Шукур Раҳимов тартиб дода, масъулони дигари ШВКД, аз ҷумла подполковник Машраф Истамзода имзо кардаанд.
Ёдовар мешавем, баъди ин қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи ноябр, қазия барои тафтиши дубора баргардонда шуда, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатоваро ба ҳабс гирифтанд ва сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовини аввали додситони ноҳияи Сино  Сӯҳроб Салимзода аз мақомҳояшон барканор карда шуданд. Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.
Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, охири моҳи августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.