расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Лавров ба "Толибон"* муроҷиат кард: Русия талабашро гуфт

Сиёсат / Ҷаҳон

Лавров ба "Толибон"* муроҷиат кард: Русия талабашро гуфт

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Эрон ташаббусҳои муштараки марбути барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ карданд

 Русия ва Эрон «Толибон»*-ро ба муборизаи оштинопазир бо терроризм дар ин ҷумҳурӣ даъват карданд.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз музокирот бо ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён изҳор дошт.
Ба гуфти ӯ, ҳарду кишвар омодаанд, ки тадбирҳои барқарорсозии Афғонистонро ҳамоҳанг созанд.

Ҷониби Русия ва Эрон ҳам аллакай як қатор ташаббусро рӯйи даст гирифтаанд.

Лавров қайд кардааст, ки ин кишвар набояд манбаи бесуботии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад.

«Мо аз мақомоти нави Афғонистон даъват мекунем, ки бо гурӯҳҳои террористӣ, инчунин бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа мубориза баранд»,-гуфт раҳбари ВКХ Русия.

Вай афзуд, ки Афғонистон мавзуи асосии музокироти Русия ва Эрон шуд. Тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалиро барои ба эътидол овардани вазъ дар ин ҷумҳурӣ баррасӣ карданд.

«Мо дар бораи ҳамоҳангсозии талошҳо барои амалӣ кардани ташаббусҳо гуфтугӯ кардем», — афзуд Лавров.

Дар навбати худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён гуфт, Русия ба нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват шудааст, ки ба қарибӣ дар Теҳрон ташкил мешавад.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён афзуд, ки Лавров қасд дорад, дар Маскав барои расонидани кумаки сиёсӣ дар ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон нишасти хабарӣ баргузор кунад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.