расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 10 РӮЗ ҲАБСИ РЭПСАРО “НАВИК” БАРОИ КИРДОРИ ЗИДДИҶАМЪИЯТӢ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

10 РӮЗ ҲАБСИ РЭПСАРО “НАВИК” БАРОИ КИРДОРИ ЗИДДИҶАМЪИЯТӢ (ВИДЕО)

РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо қарори додгоҳ Валиев Наврӯз, як сокини 26-солаи пойтахти Тоҷикистон, ки бо тахаллуси “Navik-MC” таронаҳои рэп мехонад, ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ гирифта шуд. Додгоҳ ӯро бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон дар майдаавбошӣ гунаҳкор донист.
Маркази матбуоти РВКД Душанбе дар шарҳи ин парванда гуфт, ахиран дар Интернет видеои як ҳолати бетартибӣ ва кирдори дағали зиддиҷамъиятӣ,  яъне қасди аз ҷояш баркандани таҷҳизоти худкори бонкӣ (банкомат) аз ҷониби як нафар ҷавони 20-25 сола нашр шуд. Корбарон бо ирсоли ин навор аз мақомоти милитсияи Душанбе хостанд, то ин ҷавони авбошро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Дар натиҷаи тафтиши қазия, кормандони милитсияи Душанбе ҷавони дар навор инъикосёфтаро муайяну дастгир карданд.
“Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Валиев Наврӯз Шарифович, санаи таваллудаш 14.03.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, оиладор, соҳиби ду фарзанд, рэпсаро бо тахаллуси “Navik-MC” мебошад. Зимни санҷиши ҳодиса номбурда иброз дошт, ки санаи 25-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 16:00 дақиқа бо мақсади гирифтани маблағ ба нуқтаи дастгоҳи худкори бонкӣ (банкомат), ки ба ширкати «Душанбе Ситӣ» тааллуқ дорад, рафта, корти худро ба «банкомат» ворид сохтааст, ки бо сабаби нуқсони техникӣ доштани дастгоҳ маблағ гирифта наметавонад. Аз ин ҳолат номбурда асабонӣ шуда, бо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгоҳи худкори бонкиро аз ҷои насбшуда барканданӣ шуда, якчанд маротиба ба дастгоҳ зарба мезанад”, – омадааст дар хабар.
Исми Navik MC бори аввал се моҳ пеш вақте вирди забонҳо шуд, ки ӯ ҳамроҳи Shaker ном як рэпсарои дигар таронаеро бо номи “Хоинони миллат” нашр кард. Онҳо дар ин тарона мухолифон ва мунтақидони ҳукумати кунунии Тоҷикистонро ба боди интиқод мекашанд, ки аз Ватан фирор карда, ҳоло аз дурӣ ба тарафи Тоҷикистон санг меандозанд.
Ин таронаи онҳоро дар се моҳ дар Ютуб 155 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Таронаҳои дигари ин рэпсаро тамошобини хеле камтар дорад.

Таҳқиқи навор: ҳабси рэпсаро – “Navik-MC” барои кирдори зиддиҷамъиятӣ

  Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он як ҳолати бетартибӣ ва кирдори дағали зиддиҷамъиятӣ, қасди аз ҷояш баркандани таҷҳизоти худкори бонкӣ аз ҷониби як нафар ҷавони 20-25 сола нашр гардид. Зимнан корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки навори мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ин кирдори ғайриахлоқӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Дар натиҷа кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони дар навор инъикосёфтаро муайяну дастгир ва ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Валиев Наврӯз Шарифович санаи таваллудаш 14.03.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, рэпсаро бо тахаллуси “Navik-MC” мебошад.
Зимни санҷиши ҳодиса номбурда иброз дошт, ки санаи 25-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 16:00 дақиқа бо мақсади гирифтани маблағ ба нуқтаи дастгоҳи худкори бонкӣ (банкомат), ки ба ширкати «Душанбе Ситӣ» тааллуқ дорад, рафта, корти худро ба «банкомат» ворид сохтааст, ки бо сабаби нуқсони техникӣ доштани дастгоҳ маблағ гирифта наметавонад. Аз ин ҳолат номбурда асабонӣ шуда, бо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгоҳи худкори бонкиро аз ҷои насбшуда барканданӣ шуда, якчанд маротиба ба дастгоҳ зарба мезанад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Валиев Наврӯз тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.