расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » НАШРИ АКСИ ТАКСИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ОДАМКУШӢ (ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

НАШРИ АКСИ ТАКСИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ОДАМКУШӢ (ВИДЕО)

Пулиси шаҳри Санкт-Петербургаи Русия рӯзи 23 май акси як таксирони 24-сола аз Тоҷикистонро, ки ба қатли як ронанда дар пайи як садамаи хурд айбдор мешавад, нашр кард. Исми ин ҷавон, ки дар боздошт қарор дорад, то ҳол нашр нашудааст.
Раёсати тафтишоти Санкт –Петербург низ рӯзи 23 май хабар дод, ки нисбат ба таксирони тоҷик парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро бар асоси қисми якуми моддаи 105 КҶ Русия ба одамкушӣ айбдор кардаанд ва ҳоло масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ баррасӣ мешавад.
 «Аз маводи парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, ки айбдоршаванда рӯзи 22 майи соли 2021 дар буриши кӯчаи Криленко ва хиёбони Далневосточний бо корд ба қафаси синаи сокини 26-солаи маҳаллӣ зарба зада, дар пайи ин аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст. Ҷабрдида бар асари ҷароҳати бардоштааш дар бемористон вафот кард», – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.
Қаблан нашрияҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки шоми 22 май, тақрибан соати 18, муноқишаи байни таксирони ширкати ООО «Ситимобил», шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо як ронандаи 26-солаи сокини шаҳри Санкт-Петербург  дар буриши кӯчаи Криленко ва хиёбони Далневосточний дар қисмати шарқии Петербург дар наздикии соҳили дарёи Нева бо қатли ин ронанда аз ҷониби ҷавони хундарҷӯши тоҷик анҷом ёфт. Ба ҷавони тоҷик акнун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи шоҳидон, ду ронандаи ҷавон дар пайи як садамаи хурд аз гиребони ҳам гирифтанд. Онҳо якдигарро сабабгори ин садама номида, айбдор мекарданд, вале муноқишаашон хеле зуд аз як муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфт ва таксирони тоҷик аз ҷайбаш корд бароварда, ба қафаси синаи рақибаш задааст. Корд рост ба дили сокини Петербург расидааст.


create google maps for website

Ҷабрдидаро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористони Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” бурдаанд, вале табибон натавонистаанд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Таксирони тоҷикро билофосила дастгир кардаанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.
Лаҳзаи муноқишаи байни ин ду ронандаро дигар ронандагони роҳгузар сабт кардаанд. Шумо метавонед ин сабтро дар сомонаи пойгоҳи хабарии “Невские новости” дар ин суроға бубинед:

Смертельная схватка водителя с таксистом на Крыленко попала на видео

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.