расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ? КАРАНТИНИ 22 НАФАР ДАР ХУҶАНДУ ДУШАНБЕ

. / Ҷомеа

КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ? КАРАНТИНИ 22 НАФАР ДАР ХУҶАНДУ ДУШАНБЕ

Бино ба иттилоияи дарёфтии Радиои Озодӣ 22 касро дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва шубҳаи коронавирус  таҳти карантин гирифтаанд.
Намояндагони раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзи 19 май тасдиқ кардаанд, ки дар як ҳафтаи охир 4 нафарро бо гумони коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат қарор додаанд. Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар Душанбе се кас “мушкили шуш” доранд, аммо гирифтории онҳо ба бемории ҳамагири коронавирус тасдиқ нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021, баъд аз онки президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавиаш гуфт, “коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст”, дигар дар бораи ошкор шудани ягон ҳолати нави гирифторӣ ба ин вирус хабар надодааст.
Шоми 18 май низ ин вазорат дар иттилояи расмиаш бори дигар гуфт, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Вале хабарҳо дар бораи карантин шудани 19 нафар дар Хуҷанд ва 3 нафар дар Душанбе иддаои мақомот дар бораи нест шудани коронавирус аз Тоҷикистонро дигарбора зери шубҳа қарор медиҳад.
Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ду рӯз пеш (17-уми май) шаҳрванди 47-солаи тоҷикуласли Арабистони Саудӣ Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд таҳти карантин гирифта, се корманди меҳмонхона, ки бо ин шаҳрванди Саудӣ тамос доштанд, низ ба гӯшанишинӣ (изолятсия) водор карда шуданд.
“Ин шаҳрванди хориҷӣ охири ҳафтаи гузашта ба меҳмонхонаи Бӯстон (Чкалов) омада, барои санҷиши коронавирус дар дармонгоҳи Луқмони Ҳаким ташхис супурдааст. Натиҷа мусбат баромад. Мо зуд ӯро ба карантин гирифтем ва дубора натиҷаи ташхисро таҳлил карда истодаем. Як нусхаи ташхисро ба Душанбе фиристодем ва мунтазири натиҷаи ниҳоӣ мемонем”, — гуфтааст Абдуллозода.
Радиои Озодӣ менависад, маълум нест, ки чаро натиҷаи тести ин шаҳрванди Саудӣ ба омори расмӣ ворид карда нашудааст?
Ба гуфтаи наздиконаш Мансур Алӣ Қосим як моҳ дар Узбекистон буд ва рӯзи 7 май натиҷаи манфии ташхиси коронавирус дар дасташ ба Тоҷикистон омад.  
“Муҳлати раводид (виза)-аш 17-уми май ба охир мерасид. Хост, пеш аз сафар ташхис супорад. Натиҷаро дар дармонгоҳи Луқмони Ҳаким мусбат гуфтанд. Табибон мегӯянд, бояд ду ҳафта дар карантин бимонад”, – нақл кардааст Салтанат Муъминова, яке аз хешовандони ин шаҳрванди аслаш тоҷики Арабистони Саудӣ.
Рустам Бӯриев, сардухтури бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд гуфтааст,  “дар як ҳафтаи охир 15 сокини вилояти Суғдро бо оризаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ кардаанд. Вале ба гуфтаи ӯ, ин ба хуруҷи мавсимии илтиҳоби шуш бастагӣ дорад, чунки натиҷаҳои ташхиси онҳо ба бемории коронавирус манфӣ баромадааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се корманди дафтари ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони Созмони Милал) дар Тоҷикистон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд ва ин созмон баъзе аз кормандони худро ба кори фосилавӣ фиристодааст. Ҳадди ақал ду корманди ЮНИСЕФ дар Душанбе бо шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи намояндагии созмон ин хабар расонда шуд.
Вале Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, се корманди ЮНИСЕФ ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд ва танҳо ташхиси шуш онҳоро нигарон кардааст. Ӯ изҳори итминон кард, ки инҷо сухан аз коронавирус нест.
Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон каме бештар аз 13 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 90 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Вале мунтақидон ин омор ва ҳамин тавр, иддаои мақомот дар бораи гӯё дар 5 моҳи аввали соли 2021 ошкор нашудани ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистонро зери шубҳа мегузоранд ва бар инанд, ки мақомот миқёс ва доманаи воқеии паҳншавии ин бемориро дар кишвар ба кадом далели норӯшан аз ҷомиа пинҳон нигоҳ медоранд.

Беш аз 20 касро дар Хуҷанду Душанбе бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва шубҳаи коронавирус ба карантин гирифтаанд

Фарзон Муҳаммадӣ
Муллораҷаб Юсуфӣ, Радиои Озодӣ

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ 22 касро дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва шубҳаи коронавирус ба карантин гирифтаанд.
Намояндагони Идораи тандурустии вилояти Суғд рӯзи 19-уми май тасдиқ карданд, ки дар як ҳафтаи охир 4 нафарро дар робита бо коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат доранд. Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар Душанбе се кас “мушкили шуш” доранд, аммо гирифтории онҳо ба бемории ҳамагир таъйид (тасдиқ) нашудааст.
Таб доштанду гулӯдард шуданд ва мо ташхисашонро пайваста таҳлил карда истодаем. Натиҷаҳои ташхиси онҳо ба бемории коронавирус манфӣ нишон медиҳад. Ин як хуруҷи мавсимии илтиҳоби шуш аст.
Рустам Бӯриев
Ин хабарҳо дар ҳоле мерасанд, ки Вазорати тандурустӣ панҷ моҳ боз дар бораи набудани ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Шаби 18-уми май низ расман гуфта шуд, ки ягон мавриди сирояти беморӣ сабт нашуд, вале омори расмӣ дар бораи беморону қурбониён ҳамеша мавриди шубҳа будааст.
“Натиҷаи тести як шаҳрванди Саудӣ мусбат баромад”
Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, 19-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш (17-уми май) шаҳрванди 47-солаи Арабистони Саудӣ Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ба карантин гирифтанд. Ӯ афзуд, се корманди меҳмонхона, ки ҳамроҳаш дар тамос буданд, низ ба гӯшанишинӣ (изолятсия) водор шуданд.
“Ин шаҳрванди хориҷӣ охири ҳафтаи гузашта ба меҳмонхонаи Бӯстон (Чкалов) омада, барои санҷиши коронавирус дар дармонгоҳи Луқмони Ҳаким ташхис супурдааст. Натиҷа мусбат баромад. Мо зуд ӯро ба карантин гирифтем ва дубора натиҷаи ташхисро таҳлил карда истодаем. Як нусхаи ташхисро ба Душанбе фиристодем ва мунтазири натиҷаи ниҳоӣ мемонем”, — шарҳ дод ӯ рӯзи 19-уми май.
Маълум нест, ки чаро натиҷаи тести ин шаҳрванди Саудӣ дар Тоҷикистон ба омори расмӣ ворид карда нашудааст. Пизишкон ва шахсони наздик ба ӯ мегӯянд, ҳарчанд натиҷа мусбат баромад, нишонаҳои бемориро надорад ва аз ин рӯ дубора озмоиш мекунанд.
“Гуфтанд, 14 рӯз дар карантин мемонад”
Салтанат Муъминова, яке аз пайвандони Мансур Алӣ Қосим (тоҷикиасл), гуфт, “як моҳ дар Узбекистон буд. Рӯзи 7-уми май ба Тоҷикистон омад ва ҳамроҳаш натиҷаи манфии COVID-19-ро дошт. Муҳлати раводид (виза)-аш 17-уми май ба охир мерасид. Хост, пеш аз сафар ташхис супорад. Натиҷаро дар дармонгоҳи Луқмони Ҳаким мусбат гуфтанд. Табибон мегӯянд, бояд ду ҳафта дар карантин бимонад.”
Маъмурияти меҳмонхонаи Бӯстон низ ин ҳарфҳоро тасдиқ карда, гуфтанд, се корманди онҳо барои тамос бо ин шаҳрванди хориҷӣ ба гӯшанишинӣ водор шуданд.
Рустам Бӯриев, сардухтури бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, “дар як ҳафтаи охир 15 сокини вилояти Суғдро бо оризаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ кардем.” Ба суоли он ки онҳо аз хориҷа омадаанд ё не, тафсилот надод, аммо гуфт: “Таб доштанду гулӯдард шуданд ва мо ташхисашонро пайваста таҳлил карда истодаем. Натиҷаҳои ташхиси онҳо ба бемории коронавирус манфӣ нишон медиҳад. Ин як хуруҷи мавсимии илтиҳоби шуш аст.”
“Мушкили шуш доранд”, аммо бемор нестанд?
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се корманди дафтари ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони Созмони Милал) дар Тоҷикистон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд ва ин созмон баъзе аз кормандони худро ба кори фосилавӣ фиристодааст. Ҳадди ақал ду корманди ЮНИСЕФ дар Душанбе бо шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи намояндагии созмон ин хабар расонда шуд.
Тасдиқи дурустии иттилоъ аз манобеи дигар феълан ғайриимкон аст. Дар намояндагии ЮНИСЕФ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо ба мактуби расмӣ дар ин бора шарҳ медиҳанд.
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, се корманди ЮНИСЕФ ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд ва танҳо ташхиси шуш онҳоро нигарон кардааст.
“Як чизро дар назар гирифтан даркор аст. Шахсоне, ки илтиҳоби шушро аз сар гузарондаанд, агар аз байн панҷ моҳ гузарад ҳам, натиҷаи ташхиси рентгенӣ шушро на он қадар хуб нишон медиҳад. Сол лозим аст, ки шуш пурра барқарор шавад. Инҳо (се корманди ЮНИСЕФ) вақте рентген мекунанд, мебинанд, ки шушҳояшон на он қадар хуб аст. Ҳамин чиз онҳоро ба ташвиш овардааст”, — шарҳ дод ӯ.
“Карантини нарм”
Мирзоев айни замон баъзе нигарониҳоро дар бораи рӯ задани мавҷи дигари бемории ҳамагир дар Тоҷикистон рад кард. Вай гуфт: “Вазъият дар Ҳиндустон ва Туркия бениҳоят вазнин аст. Шаҳрвандоне, ки аз ин кишварҳо меоянд, то муайян шудани натиҷаи ташхисашон дар беморхонаи сироятӣ карантин мешаванд. Айни ҳол 15 нафар дар Хуҷанд ҳастанд, ягон диагноз надоранд, вале барои эҳтиёт нигаҳдорӣ мешаванд. Ин беморхона карантин буд, инро карантини нарм мегӯянд.”
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 10-уми январи имсол ба ин тараф дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 тасдиқ нашудааст, вале баъзе аз сокинону мутахассисон шубҳа доранд.
Натиҷаи ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳо (лаборатория) рост ба Вазорати тандурустӣ меравад ва аз ин рӯ тасдиқи дурустии ин ки чанд ҳолати гирифторӣ ҳаст, мушкил аст.
Мақомот мегӯянд, то ин дам сирояти 13 ҳазору 308 кас ба COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, 90 нафар аз ин беморӣ фавтиданд, аммо омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. То кунун беш аз 70 ҳазор кас дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.