расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Турсунзода маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид

. / Ҷомеа

Дар Турсунзода маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид


Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хақиқат»-и  шаҳри Турсунзода маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид. Дар ин бора аз мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
ҶСК «Ҳақиқат» яке аз хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 371 гектар замин ва фермаи чорвои калон мебошад. Кишоварзони ҷамъият соли равон дар майдони 250 гектар пунбадонаи навъи «Флеш» кишт намуданд. Дар заминҳои боқимонда ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳадафи стретегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт гардидааст.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосил дар ҶСК «Ҳақиқат» шинос шуда, роҳбарияти ҷамъиятро вазифадор намуд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин бо мақсади вусъати корҳо ба майдон қувваи чинакчиён низ ҷалб гардида, ҳаққи меҳнати  онҳо сари вақт пардохт карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 1520 гектар пунбадона кишт намуданд. Аз ин ҳисоб бо сабаби сербориш омадани баҳор дар майдони беш аз 400 гектар кишти такрории чигит гузаронида шуд. Новобаста ба ин, кишоварзони шаҳр ҷиҳати гузаронидани корҳои агротехникӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ният доранд имсол ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.