расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даргузашти сармуҳосиби маорифи Хуҷанд бар асари беморӣ

. / Ҷомеа

Даргузашти сармуҳосиби маорифи Хуҷанд бар асари беморӣ

Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна, сармуҳосиби шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бар асари беморӣ аз олам даргузашт
Бино ба иттилоъи манобеъ Ӯрунбоева рӯзи 21 уми август дар вақти табобат дар бемористон дар синни 58-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин таслим кардааст.
“Чанд сол ба ин тараф аз бемории қанд ранҷ мекашиданд, мутаасифона ин беморӣ ба кори қалбашон низ таъсир расондааст. Рӯзи ҷумъа дунёи фониро тарк карданд”,- гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд низ аз даргузашти сармуҳосиб Лола Ӯрунбоева хабар дода, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намудааст.
“Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна бонуи нексиришту кордон, нисбати ҳамкорон меҳрубон ва дар масъалаи муносибат ба вазифааш масъулиятшинос буд ва маҳз бо хислатҳои ҳамидаи росткорию ростгуфторӣ, меҳнатқаринию собитқадамӣ ва ботавозую хоксорӣ аҳли маорифи шаҳр ӯро дӯст медоштанд ва эҳтиромаш мекарданд. Хотираи неки шодравон Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна дар қалби аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд ҷовидон хоҳад монд”, - изҳор доштаанд, дар маорифи Хуҷанд.
Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна 23-уми феврали соли 1962 таваллуд шуда, баробари гирифтани маълумоти муҳосибӣ, фаъолияти худро аз соли 1980 ба ҳайси муҳосиб оғоз карда, дар собиқаи беш аз чиҳилсолаи худ дар вазифаҳои ҳисобдор, муҳосиби калон ва сармуҳосиб фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаи маориф саҳми назаррас гузоштааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.