расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Туркия барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон қоидаҳои нав ҷорӣ мекунад

. / Ҷомеа

Туркия барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон қоидаҳои нав ҷорӣ мекунад

Акнун вуруди шаҳрвандони муҳлати амали шиносномаашон камтар аз 150 рӯз манъ мешавад.


Сурат: rbc.ru
Мувофиқи талаботи нави ВКД Туркия, муҳлати амали шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд, бояд на камтар аз 150 рӯз бошад. Қаблан муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистони ба Туркия парвозмекарда на камтар аз 180 рӯз муқаррар шуда буд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:20 ва аз Истанбул - соати 11:05 бо вақти маҳаллӣ.
Бар асоси талабот, кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ гирифта шуда бошад.
Ашхоси мубталои вируси СOVID-19 ва шахсоне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба СOVID-19-ро надоранд ба парвоз роҳ дода намешаванд.
Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии ПСР-тестро пешниҳод карда наметавонанд, давоми 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин гирифта мешаванд.
Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад. Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус  пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки тариқи транзит азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ) бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони Туркия, инчунин Амороти Муттаҳидаи Араба ва Ӯзбекистон, ки бо хатсайри Истанбул-Душанбе парвоз мекунанд, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.