расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Соли 2020 аҳолии Русия 500 ҳазор нафар кам шуд

. / Ҷаҳон

Соли 2020 аҳолии Русия 500 ҳазор нафар кам шуд

Ин нишондиҳандаи баландтарин тайи 15 сол аст

Сурат: ТАСС
Шумори аҳолии Русия соли гузашта зиёда аз ним миллион нафар кам шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи 15 сол аст. Маргу мир, тибқи маълумоти Идораи омори Русия, давоми моҳҳои январ-ноябр ба ҳадди ниҳоӣ тайи 10 соли охир расидааст, хабар медиҳад РБК.
Гуфта мешавад, соли 2020 шумори аҳолии Русия 510 ҳазор нафар кам шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2021 - 146 млн 238 нафарро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, бори охир чунин камшавии шумори аҳолӣ 15 сол қабл ба қайд гирифта шуда, он замон ин рақам аз 143,8 млн дар соли 2005 то ба 143,2 млн ба аввали соли 2006 поин рафтааст.
Дар давраи солҳои 2007-2009 шумори аҳолӣ то 142,7 млн нафар кам шуда, шурӯъ аз соли 2010 афзоиши аҳолӣ ба қайд гирифта мешуд.
Ба ин тариқ, соли 2012 шумори аҳолии Русия ба 143 млн, соли 2014 - 143,7 млн, соли 2015 - зиёда аз 146 млн нафар расида буд. Аз соли 2017 шумори аҳолӣ аз 146,8 млн нафар поин нарафта, аввалин камшавии босуръат соли 2021 ба қайд гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.