расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ

. / Ҳаводис

Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ

26.09.2020 раиси вилояти Хатлон ба аёдати овозхон рафта буд.
Сурат: Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон
Бобоҷон Азизов, овозхони шинохта ва маъруфи се даҳаи поёни даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 70-солагӣ бар асари бморие, ки дошт дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб даргузашт. Дар ин бора Фурқат Саидзода, роҳбари дастаи давлатии Шашмақом дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст.
Қарор аст ҷанозаи марҳум фардо, соати 10.00 дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргузор ва дар ҳамон ҷо мадфун шавад.
Бобоҷон Азизов аз овозхонҳои маъруфи солҳои 70-90-уми Тоҷикистон буд, ки соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда буд. Ӯ дар соли 1983 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва дар соли 1996 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро барои саҳми чашмгир дар ҳунари овозхонии Тоҷикистон соҳиб шуд.
Хатмкардаи риштаи забону адаби тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд.
Солҳои зиёде дар Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб ва Театри мусиқӣ-мазҳакаи Кӯлоб ба номи С. Вализода овозхон буд. Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон» буд.
Дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дошт. Сурудҳои «Дилҳо нишона карда», «Ёди Ватан», «Ҳарфи дигар мазан», «Нолаи Кова», «Хорӣ макун», «Модар», «Ту ширинлаб» аз шоҳкорҳои ҳунари Бобоҷон Азизов дониста мешаванд.
Бобоҷон Азизов маҳорати хуби ҳунарпешагӣ  низ дошт ва дар чанде аз намоишҳо - «Карим Девона», «Хусрав ва Ширин» нақш офаридааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.