расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Сароянда Бобоҷон Азизов даргузашт

. / Ҳаводис

Сароянда Бобоҷон Азизов даргузашт

Бобоҷон Азизов, яке аз сарояндаҳои маъруфи тоҷик, ки солҳои охир бемор буд, дар синни 71- солагӣ аз олам даргузашт. Ҳунармандро имрӯз дар зодгоҳаш дафн мекунанд.
Номбурда, хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1971) буда, пас аз адои хизмати низомӣ (1972—1974), фаъолияташро аз Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб (1974—1976) оғоз кард. Сипас сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода (1976—1989). Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон» буд.
Ӯ яке аз ҳунармандони маъруфи солҳои 70, 80 ва 90-ум аст, ки дар эҷод ва иҷрои суруду оҳангҳо сабки хоса дорад.
Сурудҳои «Дилҳо нишона карда» (ғазали Мушфиқӣ), «Ёди Ватан» (ғазали Махфӣ), «Ҳарфи дигар мазан» (шеъри Ҳ. Ғоиб), «Нолаи Кова» (шеъри Лоиқ, оҳанги А. Баротов), «Хорӣ макун» (шеъри С. Аюбӣ), «Модар» (шеъри Ф. Ансорӣ, оҳанги А. Баротов), «Ту ширинлаб» (ғазали А. Ҷомӣ, оҳанги Ф. Одинаев) ва ғайра ки Бобоҷон Азизов сурудааст, хеле дилнишинанд.
Бобоҷон Азизов маҳорати хуби актёрӣ низ дошт. Дар як зумра намоишҳо нақшҳои асосиро бозидааст: Муҳаммадалии Ашқар («Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов), Фарҳод («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) ва ғайра.
Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии Фестивали умумииттифоқии театрҳои халқӣ дар шаҳри Москва (1969), Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983) аст.
Бо ордени Дӯстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва унвони ифтихории Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.