расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОЗДОШТИ ЧАНД НАФАР ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ЭҶОДИ ТАҲЛУКА (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҷаҳон

БОЗДОШТИ ЧАНД НАФАР ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ЭҶОДИ ТАҲЛУКА (ВИДЕО)

Шабакаи телевизионии «Сирдарё МТРК»  дар як гузориши вижа хабар дод, ки мақомоти ҳизи ҳуқуқи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон чанд тан аз онҳоеро, ки бо паҳн кардани овозаи  бардурӯғи канда шудани садди обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон дар байни аҳолӣ таҳлука эҷод мекарданд, ошкор ва дастгир кардаанд. Рӯзи 14 январ ин овоза боиси таҳлука дар байни аҳолии ноҳияҳои қаблан аз обхезиҳо осебдидаи Мирзообод, Сардоба ва Оқолтин шуд ва мардум ба ин овоза бовар карда, ба сурати оммавӣ хонаҳои худро тарк карданд.
Шабакаи телевизионии «Сирдарё МТРК»  дар як гузориши вижа хабар дод, ки мақомоти ҳизи ҳуқуқи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон чанд тан аз онҳоеро, ки бо паҳн кардани овозаи  бардурӯғи канда шудани садди обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон дар байни аҳолӣ таҳлука эҷод мекарданд, ошкор ва дастгир кардаанд. Рӯзи 14 январ ин овоза боиси таҳлука дар байни аҳолии ноҳияҳои қаблан аз обхезиҳо осебдидаи Мирзообод, Сардоба ва Оқолтин шуд ва мардум ба ин овоза бовар карда, ба сурати оммавӣ хонаҳои худро тарк карданд.
Бино ба фарзияи мақомот, таҳлука аз он оғоз ёфт, ки блогер Б.Ж. аз ноҳияи Оқолтин дар Ютуб видеое гузошта, аз мардум даъват кард ки хонаҳояшонро такр кунанд, чунки садди обанбори Қайроққум дар Тоҷикистон канда шудааст.
Сокини ноҳияи Мирзообод Р.Ф.,  ин овозаро аз сокинони ду ноҳияи дигар шунида, ҳамсояҳои худро аз хоб бедор карда, даъват кардааст, ки ҳарчӣ зудтар хонаҳои худро тарк кунанд.
 «Бино ба иттилои РВКД вилояти Сирдарё, сокини ноҳияи Сардоба Э.М., низ ба ин овозаи беасос, ки шиносҳояш ба ӯ расонданд, бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки зуд хонаро тарк кунад. Ин боиси таҳлука дар байни сокинони маҳаллаи Дӯстлик шудааст» – хабар медиҳад сомонаи Uznews.uz.
Рӯзи 15 январ вазоратҳои ҳолатҳои фавқулода ва хоҷагии оби Ӯзбекистон, ҳамчунин маъмурияти вилояти Сирдарё овозаҳои паҳншуда дар бораи гӯё рахна шудани садди обанбори нирӯгоҳи Қайроқум дар шимоли Тоҷикистонро рад карданд.
Файзулло Азизов, раҳбари нирӯгоҳ ва обанбори Қайроққум, ки бо номи Баҳри Тоҷик низ маъруф низ ин овозаҳоро рад кард.
 «Чархаҳои нирӯгоҳ бо режими маъмулӣ кор мекунанд Хабарҳо дар бораи ин ки сокинони маҳалҳои атрофи обанбор, ба таҳлука афтода, ба ҷойҳои амнтар мекӯчанд ягон асос надорад», – гуфта мешавад дар изҳороти ӯ.
Маъмурияти вилояти Сирдарё низ рӯзи 14 январ дар як изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ин овозаҳоро фейк номид. Дар хадамоти матбуоти ҳокими Сирдарё гуфтанд, ки ин овоза боиси таҳлука дар байни аҳолии ноҳияҳои қаблан аз обхезиҳо осебдидаи Мирзообод, Сардоба ва Оқолтин шудааст ва бархе одамон ба таври шитобзада хонаҳои худро тарк карданд.
Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон низ ин овозаҳоро рад кард гуфт, мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистони ҳамсоя дар масъалаи обанбори Қайроққум дар тамоси доимӣ қарор доранд. Ин вазорат аз аҳолӣ хост, ба овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми оби обанбори Қайроққум 3,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Суръати вуруди об ба обанбор 892 м³ / сония ва суръати берун рафтанаш 880 м³ / сонияро ташкил медиҳад. Кадом тағйири ҷиддие дар ҳаҷм ва суръати вуруд ва берун рехтани об дар ин обанбор дар 10 рӯзи охир мушоҳида нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.