расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ИНСОФ ДОРӢ, ПАДАР!

. / Ҷомеа

ИНСОФ ДОРӢ, ПАДАР!

Ман шикоят аз бегона не, аз падари худам дорам. Агар кормандони  “Оила” мақолаи маро рӯи чоп оварданд, як умр миннатдор мешавам. Буғзи дилам маҷбур сохт, ки аламҳоямро ба хонандагон нақл намоям ва ҳар чизе, ки падарам дар гузашта ба мо фарзандонаш раво дид, онро ошкор созам.
Аз рӯзе, ки худро мешиносам, падарам пайваста мо- фарзандонашро шиканҷаву азият дода, модарамро бо белу каланд мезад. Худро доно шумурда, баъзан пулҳояшро гум мекарду аҳли хонаводаро дузд гирифта, ҳамаи моро мурдакӯб мекард. Шукр, ки ман ба шавҳар баромада, аз азоби алими падари золим халос шудам. Ӯро мардуми маҳаллаи Боғи калон ҳамагӣ бад мебинанд, чунки як хабаркаши дурӯя аст.

Вақте ки хонаву дари моро ба гарав монда, пули калон қарз гирифт, дубора маблағи қарзашро пардохт карда натавонисту хонаро маҷбуран ба бонк супорид. Баъди он, ки оилаи мо бе хона шуда, дар кӯча монданд, падарам аз шарм дигар ба рӯи касе нигоҳ накарда, баромада, ба шаҳр рафт ва бо ҳамин чанд муддат беному нишон шуд. Модари бечораам бо ду додару як хоҳарам дар ба дари хешу ақрабо гашта, хору залил шуда монданд. Вақте бародаронам бо азобу даводав аз деҳа замин гирифтанд, падарам пайдо шуд. Худованд инсофаш додааст гуфта, ӯро бахшида, ба ҳавлӣ роҳ додем, вале баъди он ки каме маблағ ёрдам кард, забонаш дароз шуд.

Боз мисли пешина азобу шиканҷа дода, ҷони модару бародаронамро ба лаб мерасонд. Рафта- рафта падари золимамон рӯ ба шароб овард. Ӯро дигар ҳушёр намедидем. Мудом кораш шаробнӯшиву забонаш пур аз дашному ҳақорат мегашт. Ҳатто ба хонаи ман омада, ба зиндагии хонаводаи шавҳарам дахолат карда, дар назди хусуру хушдоманам маро “очамонӣ” гӯён, бад мекард. Хулоса, аз дасти падар дар куҷо пинҳон шудану ба куҷо гурехтанамонро намедонем. Аз минбари ҳафтаномаи дӯстдоштаам “Оила” ба падари золимам гуфтаниям:
Падар шудӣ, падари арзанда шав! Ба ҷойи он ки барои хушбахтии духтарат талош намоӣ, маро дар пеши оилаи шавҳарам сиёҳ кардӣ, магар падар чунин рафтор мекунад? Ту чӣ хел мусулмонӣ, ки аз як сӯ модарам, аз сӯи дигар бародаронамро бадбахт намуда, боз дар фикри сиёҳбахт кардани ман кӯшиш дорӣ?! Дигар ба рӯям нигоҳ накуну ба хонаам наё ва косаи сабрамро лабрез макун!

Гулсифат, аз деҳаи Боғи калон
подробнее тдж: https://oila.tj/news/insof-dor-padar

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.