расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АКСҲОИ ЗАНАМРО ФОТОШОП КАРДА, МАРО ШАНТАЖ МЕКАРД… ТАФСИЛОТИ КУШТОР ДАР МАСТЧОҲ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

АКСҲОИ ЗАНАМРО ФОТОШОП КАРДА, МАРО ШАНТАЖ МЕКАРД… ТАФСИЛОТИ КУШТОР ДАР МАСТЧОҲ (ВИДЕО)

РВКД вилояти Суғд дар як гузориши видеоӣ тафсилоти куштори бераҳмона дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро нашр кард.
Акбар Шарифӣ , сухангӯи РВКД Суғд гуфт, сокини 23-солаи ин ҷамоат Диловархӯҷа Тӯраев ба қатли ҳамдеҳаи 33-солааш Амирбек Исломов айбдор мешавад. Худи ҳодисаи куштор шаби 9 декабр, тахминан соати 22 рӯй додааст. Мурдаи Амирбек Исломовро рӯзи 14 декабр аз даруни як чоҳ дар роҳи канори деҳаашон пайдо карданд.
ВКД қаблан гуфт, ки сокини Оббурдон дар заминаи рашк нисбат ба ҳамсараш бо табар даст ба қатли ҳамдеҳааш задааст. Вале тафсилоти ин ҳодиса нишон медиҳад, ки асли қазия хеле фаротар аз танҳо рашк будааст.
Диловархӯҷа Тӯраев дар ин гузориш иқрор кард, ки дар заминаи хусумати шахсӣ даст ба ҷони Амирбек Исломов задааст: “Ман бо Исломов вақте ки як сол дар Маскав кор мекардем, байнамон дар ҳамон ҷо ҷанг шуд. Баъдан ӯ аз телефони ман расмҳои ҳамсари маро гирифта, фотошоп кард ва маро шантаж кардан гирифт, шартҳои худро мондан гирифт. Вақте Тоҷикистон омадем (вай моҳи сентябр омад), боз дубора сар кард ҳамин корҳояшро,  ба ман ҳар хел шарт монд, ки ман тоқат накардам…”
Тӯраев, ба гуфтаи мақомоти милитсия шаби 9 декабр Исломовро барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати Оббурдон даъват карда, дар онҷо бо табари аз хона овардааш ӯро ба қатл расонд ва ҷасадашро дар даруни чоҳ партофт. Дар гузориш ӯ мегӯяд, ки ба ин мулоқот бо қасди куштани Исломов рафта буд ва аз ин рӯ, табарашро аз пеш тез ҳам кард. 
Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Диловархӯҷа Тӯраев бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз кардааст. Ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.