расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Тоҷикистон бо доштани таҷрибаи хуби сулҳ метавонад Афғонистонро кӯмак кунад

. / Сиёсат

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Тоҷикистон бо доштани таҷрибаи хуби сулҳ метавонад Афғонистонро кӯмак кунад

Дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода

Сурат: facebook.com/Dr.AbdullahAbdullah
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода гуфтааст, ки "Тоҷикистон таҷрибаи хубе дар хатми ҷанги дохилӣ ва даст ёфтан ба сулҳу рифоҳ дорад ва метавонад Афғонистонро дар ин росто ҳамкорӣ намояд". Ин нуктаро Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳфаи расмии фейсбукии худ навиштааст. 
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари кории дурӯза имрӯз вориди Душанбе шуд ва пеш аз зуҳр бо Маҳмадтоир Зокирзода дидор дошт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода дар ин дидор гуфтааст, ки “густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад".
"Муссалам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фаррохро дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду густариш бахшем”.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин навиштааст, ки Маҳмадтоир Зокирзода "ҳимояти Маҷлиси намояндагон ва кишварашро аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон эълом кард". Ба навиштаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ онҳо ҳамчунин дар мавриди "талошҳои сулҳ, музокирот бо "Толибон", нақши кишварҳои минтақа дар таъмини сулҳ,  сафарҳои минтақаӣ барои касби иҷмоъи минтақаӣ дар ҳимоят аз сулҳ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таъмини сулҳ дар Афғонистон ба тафсил суҳбат кардем".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.