расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Таҳқиқи навор: Боздошти ронанда барои нишон додани ҳаракатҳои бадахлоқона

. / Ҳаводис

Таҳқиқи навор: Боздошти ронанда барои нишон додани ҳаракатҳои бадахлоқона

Таҳқиқи навор: Боздошти ронанда барои нишон додани ҳаракатҳои бадахлоқона

Таҳқиқи навор: Боздошти ронанда барои нишон додани ҳаракатҳои бадахлоқона

Чоп шуд аз тарафи dushanbepolice дар санаи 16.12.20 0 Comment
  Новобаста аз чораҳои пайвастаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани нафарони содиркунандаи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддиҷамъиятӣ ҳануз ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ғайриқонунӣ содир менамоянд.
  Чунончӣ як нафар ҷавонзани сокини пойтахт, бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» рақами транзитиаш 02 Т 8220к, чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, рӯ ба рӯи корхонаи нассоҷӣ ба ҳаракати мунтазами дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намуда, дар чандин маврид ҳолати садамавӣ ба вуҷуд овардааст.
  Дар ин лаҳза муроҷиаткунанда бо телефони мобилиаш кирдорҳои зиддиҷамъиятии ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра»-ро сабт карданӣ мешавад, ки дар ҷавоб ронанда нисбати ҷавонзан ҳаракатҳои бадахлоқона нишон дода, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
  Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи автомашиинаи тамғаи «Опел астра» рақами транзитиаш 02Т8220к боздошт ва муайян карда шуд, ки ӯ шаҳрванд Зокиров Абдувоҷид Абдуҳамидович санаи таваллудаш 11.01.1989 сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Симиганҷ, деҳаи Саричинори узбек мебошад. Зимни таҳқиқи ҳодиса номбурда тасдиқ намуд, ки ба мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул шуда, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ аз сабаби саросемагӣ ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намуда, ҷавонзанро дашному ҳақорат ва мавриди озор қарор додааст.
  Илова бар ин зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои автомашина муайян карда шуд, ки шаҳрванд Зокиров автомашинаи мазкурро ҳануз моҳи августи соли ҷорӣ харидорӣ намуда, новобаста аз он ки бо рақамҳои транзитӣ танҳо ба муддати 10 шабонаррӯз ҳуқуқи иддоранамоиро дорад, бо гузашти 4 моҳ то ба имрӯз расман дар қайди мақомоти ваколатдор нагузоштааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати нафари боздоштшуда Зокиров Абдувоҷид тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ татбиқ карда шуд. Илова бар ин камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳуҷҷатгузории расмӣ ва бақайдгирии давлатӣ бартараф карда шуда, ронанда барои минбаъд такрор накардани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ огоҳонида шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.