Корхонаҳои саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли тилло ва нуқраро мутаносибан ба андозаи 7,1% ва 7,2% зиёд карданд.

Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дода, лекин дар бораи ҳаҷми умумии истеҳсоли ин навъи металлҳои қиматбаҳо маълумот намедиҳад.

Қаблан дар Вазорати саноат изҳор дошта буданд, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми солонаи истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил дода, солҳои наздик дар ҳамин сатҳ нигаҳдории истеҳсоли он ба нақша гирифта шудааст.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки барои ин дар ҷумҳурӣ ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ин нави металли гаронбаҳо асосан аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли тилло беш аз 4 баробар афзуд: аз 2 тонна дар соли 2014 то ба қариб 8,1 тонна дар соли 2019.

Истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар соли ҷорӣ асосан аз ҷониби ду корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - Зарафшон” (81% аз ҳаҷми умумии истеҳсол) ва “Пакрут” (13%) таъмин шудааст.

Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки тиллои дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи кишвар ва корхонаҳои истеҳсоли маснуоти заргарӣ харидорӣ шудааст.