Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми содироти неруи барқ аз Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба миқдори 324,9 млн кВт/соат кам шуд.

Раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки сабаби камшавии ҳаҷми содироти барқ камшавии маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи Норак мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли шаш моҳ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 546,6 млн ва ба Ӯзбекистон - 358,3 млн кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

“Агар ба Афғонистон ҳамарӯза 320 МВт неруи барқ содирот мешуд, пас имрӯз ин нишондиҳанда то 40 Мвт коҳиш ёфт. Содироти барқ ба Ӯзбекистон ҳам кам шуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 324,9 млн кВт/соат коҳиш ёфт, ки ба камшавии маҷрои оби дарёи Вахш ва бозтақсими шабакаҳо дар Афғонистон вобаста аст”, - хабар дод Мирзо Исмоилзода.

Тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, маблағи умумии аз содироти барқ бадастомада дар давраи ҳисоботӣ 40 млн долларро ташкил додааст.

Ба Афғонистон ба маблағи беш аз 23 млн доллар ва ба Ӯзбекистон - зиёда аз 7,2 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст.

“Маҷрои оби дарёи Вахш тайи се моҳи ахир қариб 30% кам шуда, ба коҳиши воридоти об ба обанбори неругоҳи Норак боис гардид. Ду рӯзи охир сатҳи об дар дарёи Вахш баланд шуда, ба афзоиши ҳаҷми содироти барқ мусоидат менамояд. Умедворем, ки то тирамоҳ сатҳи об дар обанбори Норак ба нишондиҳандаи ниҳоии 910 метр расида, нақшаҳои пешбинишударо иҷро мекунем”, - итминон доданд дар ширкат.