расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "Канӣ номуси мардӣ, тоҷикӣ ва мусулмонӣ?" Рафтори падаре, ки баҳс барангехт. ВИДЕО

. / Ҷомеа

"Канӣ номуси мардӣ, тоҷикӣ ва мусулмонӣ?" Рафтори падаре, ки баҳс барангехт. ВИДЕО

Имрӯз дар бораи бераҳмӣ ба кӯдакон суҳбат мекунем ва дар бораи ҷазо гирифтани падаре, ки тифлонашро азоб медод ва дар видео сабт карда, ба модарашон мефиристод.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт, ки Фирдавс Иномзодаро барои муносибати бераҳмона ба ду фарзандаш ҳафтаи гузашта ба ду соли зиндон маҳкум кард. Дар видеое, ки чанд моҳ пеш ба Интернет роҳ ёфт, дида мешавад, чӣ гуна Фирдавс Иномзода бо пой гулӯи кудаки худро мефишораду бо вуҷуди зораву илтиҷои тифл ӯро мезанад.
Гузориши Радиои Озодӣ доир ба ҷазо гирифтани сокини Хуҷанд баҳси доманадореро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ҳам саҳифаҳои мо дар Инстаграму Фейсбук барангехт.
Корбаре бо номи “Тоҷик” дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, тасаввур кардани бераҳмии падар ба фарзанд сахт аст. Шарҳи ӯро мехонем: “Волидон, ки бемаърифат шуданд, кӯдакони бечора дар азоб мемонанд. Наход падар ба фарзанди худ раҳм надошта бошад. Баъдан, ин чӣ гуна мард будааст, ки дар хона мешинад ва зани худро ба Русия барои кор мефиристад. Куҷост нангу номуси мардӣ, мусулмонӣ, тоҷикӣ?”
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Воқеан, модари писару духтараки 6 ва 7-сола гуфтааст, ки Фирдавс Иномзода бо ирсоли видеоҳои азоб додани бачаҳояш аз ӯ мехостааст, аз Русия пул фиристад. Корбаре бо номи Дилноза Икромова гуфтааст, чунин падари, ба гуфтаи ӯ, “золим”-ро бояд аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум кунанд.
Корбари дигаре бо номи Шокир гуфтааст, ду сол ба зиндон андохтани падар кори дурусте нест ва бояд аз роҳи дигаре ӯро танбеҳ медоданд. Шарҳи Шокир чунин аст: «Набояд зиндонӣ мешуд, ягон ҷазои дигар медоданд. Ояндааш хуб нест, барои фарзандон. Мақомоти судӣ парвандаро ҳамтарафа меомӯхтанд, хубтар мешуд. Фардо кӯдакон калон мешаванд, чӣ гуна зиндагӣ мекунанд? Ҳеч набошад, барои онҳо падар аст.»
Корбаре, ки худро «Зидди шиканҷа» муаррифӣ кардааст, бо ишора ба чашми варамидаи Фирдавс Иномзода дар паси панҷара гуфтааст, падар ҷазои сазовор гирифт, вале бадрафторӣ бо ӯ қобили қабул нест. “Дуруст аст, ки ин падари золим фарзандонашро шиканҷа кардааст, вале кӣ худи ӯро шиканҷа карда, чашмашро кабуд кардааст. Хунро бо хун намешӯянд! Ин одам сазовори ҷазо аст, вале на ҷазои асримиёнагӣ, балки зиндон! Худи зиндони бидуни шиканҷа ба дӯзах баробар аст!»
Бисёре аз корбарони дигар ҳам Фирдавс Иномзодаро барои “бераҳмӣ бо кӯдакон” маҳкум карда ва гуфтаанд, “рафтори ӯ ғайриинсонист”.
Дар ин миён корбаре бо номи “Муслим ТВ” дар Инстаграм аз эҳсоси бефарзандӣ навишта ва чунин гуфтааст: “Баъзе фарзандон ба падару модар зор ҳастанд, баъзе падару модар ба фарзанд. Шахсоне ҳастанд, ки ба қадраш намерасанд. Ман худам чанд сол интизори фарзанд шудам. Ин гуна воқеаҳоро мебинам, гиряам меояд. Эй падару модарон, ба қадри фарзанд бирасед. Эй фарзандон, ба қадри падару модар бирасед.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.