Бонки Эсхата имконияти навро барои рушди гардиши мол ё оғози фаъолияти соҳибкорӣ бо шарикони ӯзбек барои соҳибкорони тиҷорати хурду миёна пешниҳод мекунад.

Бо мақсади рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои бо ҳам дӯсту иттифоқ, дар доираи созишномаи байнидавлатӣ ва бо ҳамдастии ҳукумати кишварҳо, Бонки Эсхата дастгирии соҳибкоронро бо пешниҳоди маблағгузории молиявӣ бо шартҳои имтиёзнок ба роҳ мондааст.

«Яке аз шартҳои муфиде, ки мо дар ин самт пешниҳод мекунем – ин фоизи паст барои тиҷорат аст. Мо метавонем маблағгузориро аз 9% солона бо муҳлати 36 моҳ пешкаши соҳибкорон намоем, - иброз доштанд дар Департаменти тиҷорати корпоративӣ ва миёнаи бонк. - Пешниҳоди мазкур имконияти наву хуб барои рушди гардиши мол байни ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, ҳамзамон барои оғози самти нави фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард».

Маблағгузории тиҷоратӣ барои зиёд кардани воситаҳои асосӣ ва гардиш, аз қабили харидории ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр, хӯроки чорво, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизот барои тиҷорат, техникаю технологияҳои нав ва ғайра пешбинӣ шудааст.