Бонки осиёии рушд ҷудо шудани грантро ба маблағи 30 млн доллар барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси ҷавонон, занон ва муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

Гранти мазкур барои бо ҷойи кор ва музди меҳнати хуб таъмин будани онҳо, инчунин густариши имконоти агентиҳои шуғл ва муҳоҷират ҷудо мешавад.

Иловатан ба он грант ба маблағи 1,5 млн доллари Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон низ тасдиқ шудааст, ки расмиёти маъмурии он аз ҷониби БОР анҷом дода мешавад.

“Лоиҳаи мазкур бахусус ҳозир хеле муҳим аст, зеро дар Тоҷикистон афзоиши бекорӣ ва шумори муҳоҷирони баргашта бар асари пандемия пешбинӣ мешавад, - гуфтааст роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои бахши иҷтимоӣ дар департаменти БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Эйко К.Изава. - Лоиҳа ба бозомӯзии кормандони осебдида кумак карда, Тоҷикистонро аз таъсири зиёновари COVID-19 ба сармояи инсонӣ ҳимоя мекунад”.

Дар доираи лоиҳа дар Хуҷанду Бохтар ва Восеъ 3 маркази нави хизматрасонӣ барои муҳоҷирони баргашта ва онҳое, ки азми сафар доранд, 3 маркази нави намунавии кор дар Душанбе барои соҳаи сайёҳӣ, дар Роғун барои бахши энергетика ва дар Данғара барои соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешаванд.

Инчунин дар чаҳорчӯби лоиҳа гурӯҳбандии нави миллии касбҳо таҳия мешавад, ки ба Таснифи байнулмилалии меъёрии касбҳои Созмони байнулмилалии меҳнат аз соли 2008 асос ёфта, дар истифодаи он барои гувоҳномадиҳии омодагии касбӣ ва таҳқиқи бозори кор кумак карда мешавад.

Амалисозии лоиҳа дар зарфи шаш сол пешбинӣ шуда, иҷрокунандаи он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Ин минтақаро шукуфо, ҳамгиро, ба ҳаёт тобовару устувор кардан ва аз байн бурдани қашшоқӣ аз ҳадафҳои БОР унвон мешаванд.