Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории иловагиии грантиро ба маблағи 50 млн доллар аз Ассотсаитсияи байнулмилалии рушд барои татбиқи марҳилаи дуюми барқарорсозии неругоҳи барқии обии Норак тасдиқ кард. Дар ин бора хабаргузории “Авеста” иттилоъ медиҳад.

Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, неругоҳи мазкур дороии бештар муҳими низоми энергеткии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, неругоҳи барқии Норак бо иқтидори беш аз 3000 мегаватт ҳудуди 50% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли солонаи барқро дар Тоҷикистон таъмин мекунад. Айни замон дар неругоҳ ҳамагӣ сеяки иқтидори муқарраршуда истифода мегардад.

Тибқи асосноксозии техникӣ-иқтисодии гузаронидашуда, маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ гардидааст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо назардошти дастрасии маблағҳо дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм - иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар мегирад. Дар доираи он имконоти ҳайати шахсии неругоҳи Норак ва ШСХК “Барқи тоҷик” баҳри пурзӯр кардани мониторинги бехатарии сарбанд, истифода ва идоракунии иншооти гидротехникӣ тақвият дода мешавад.

Арзиши умумии марҳилаи дуюми амалисозии лоиҳа 192 млн долларро ташкил дода, ҳукумати Тоҷикистон айни замон бо дигар шарикони рушд бо мақсади таъмини захираҳои зарурии иловагӣ гуфтушунид дорад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт афзоиш меёбад.