Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли моҳҳои январ-майи соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 11% афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо шумули соҳибкорони хусусӣ ба маблағи умумии 10 892,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба андозаи 16%, саноати истихроҷ - 5,8%, таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво -2,9% аз омилҳои асосии болоравии ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ номбар шудааст.

Дар ин давраи ҳисоботӣ 2211 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд: 260-то дар саноати истихроҷ, 1794 - саноати коркард, 76 - дар соҳаи таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво. Дар бахши таъминот бо об ва коркарди партовҳо 81 корхона амал мекунад.

Аз шумори умумии корхонаҳо 676-тоаш (30,6% аз шумори умумӣ) ба вилояти Суғд, 605-то (27,4%) - ба вилояти Хатлон, 464-то (21%) - ба шаҳри Душанбе, 420-то (19%) - ба Ноҳияҳои тобеи марказ ва 46-то (2%) - ба ВМКБ рост меояд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20200625/ami-istesoli-masuloti-sanoat-dar-toikiston-11-afzud