Тоҷикистон ҳаҷми содироти фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳоро аз оғози сол афзуд. Дар ин бора хабаргузории “Авеста” бо истинод ба Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо дар ин давра 7 баробар зиёд шудааст.

Маблағи умумии ҳаҷми содироти сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо беш аз 303,8 млн долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 260,5 млн доллар зиёдтар мебошад. Ҳаҷми афзоиши содироти ин навъи фулузот 7 баробар бештар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Маблағи умумии воридоти сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо дар ин давра беш аз 837 ҳазор долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 1,4 млн доллар ё худ 63,5% камтар аст.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20200624/toikiston-sodiroti-fuluzot-va-sangoi-imatbaoro-7-barobar-afzud