расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲАБСИ ЯК ҶАВОН ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА МОДАРАШ (2 АКС)

Ҷомеа / Ҳаводис

ҲАБСИ ЯК ҶАВОН ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА МОДАРАШ (2 АКС)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Аҳмад Қараев, сокини 36-солаи кӯчаи Ф.Муҳаммадиевро бо ҷурми майдаавбошӣ ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. РВКД Душанбе гуфт, Қараев "ба ҷойи он ки модари худро чун гавҳараки чашм эҳтиром намояд, баръакс ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.” Қараев аз ҷумла "хилофи тамоми оин ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ” рафтор намуда, шаби 23 август дар ҳолати мастӣ "тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, дар назди манзили истиқоматиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.